Ба ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина дода шуд
14.04.2022
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо дарназардошти қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз”, аз ҷониби Хазина ба ташкилоти амонатии қарзии хурди ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №063 аз санаи 11.04.2022 с. дода шуд.
Вобаста ба ин, ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз” ба узвияти Хазина шомил гардида, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ сабти дахлдор ворид карда шуд.
Views: 341