Ба ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина дода шуд

03.11.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо дарназардошти қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ”, аз ҷониби Хазина ба ташкилоти амонатии қарзии хурди ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №062 аз санаи 03.11.2021 дода шуд.

Вобаста ба ин, ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ” ба узвияти Хазина шомил гардида, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ сабти дахлдор ворид карда шуд.