ХАЗИНА ПАРДОХТИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТАРО БА ПАСАНДОЗДОРОНИ ҶСК “ТОҶИКСОДИРОТБОНК” ОҒОЗ МЕКУНАД

Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” оғоз мекунад

22.06.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки санаи 23 июни соли 2021 пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои суғурташуда ба пасандоздорони бонки муфлисшудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” оғоз мегардад.

ҶСК “Ориёнбонк” ба сифтаи бонк-агент таъин карда шуда, аз ном ва ҳисоби Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мекунад. Пардохти ҷубронпулии суғурта дар филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” аз рӯи минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон аз санаи 23 июни соли 2021 амалӣ карда мешавад. Руйхати филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк”, ки тавассути онҳо пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” амалӣ карда мешавад дар сомонаи Хазина www.idif.tj оварда шудааст.

Ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент пасандоздорон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (дар ҳолати зарурӣ рақами мушаххаси андозсупоранда, шартномаи пасандозӣ) ва ариза дар бораи пардохти ҷубронпулии суғуртаро дар шакли муқарраркардаи Хазина пешниҳод намоянд. Нусхаи аризаро дар бонк-агент дастрас ва пур кардан мумкин аст (одатан бонк-агент шакли электронии аризаи пуркардашударо ба пасандоздор барои имзо пешниҳод менамояд). Пасандоздороне, ки имконияти шахсан ба бонк-агент омаданро надоранд, метавонанд ба намояндаи худ супориш диҳанд, ки аз номи онҳо дар асоси ваколатнома ариза пешниҳод намоянд. Дар бонк-агент намояндаи пасандоздор бояд бо худ ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошад.

Пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” метавонанд маблағҳои худро аз хазинаи бонк-агент тариқи накдӣ ё бо роҳи интиқол ба суратҳисоби бонкие, ки онҳо дар аризаи худ нишон додаанд, гиранд. Пасандоздорон метавонанд инчунин бо хоҳиши худ дар бонк-агент суратҳисоби пасандозӣ барои ҷойгир намудани маблағи ҷубронпулии худ кушоянд.

Ба таваҷҷуҳи пасандоздорон расонида мешавад, ки қабули ариза ва пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон тавассути бонк-агент дар давоми як сол аз санаи  фарорасии ҳолати суғуртавӣ, амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздорон метавонанд шитоб накунанд ва дар давоми як сол дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони маркази тамос (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина (www.idif.tj) дастрас намоед.

Барои маълумот:

Иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, №89 барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд. Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 04 июни соли 2021 қабул карда шудааст.

Дар бораи Хазина:

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ҷубронпулии суғуртаро барои пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд пардохт мекунад.

Маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.