Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Хазина

Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон

01/11/2023

Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ё намояндагони ваколатдори онҳо (дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ) дар Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” амалӣ карда мешавад.

Муроҷиатҳои шифоҳӣ ба воситаи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ба рақами маркази тамоси Хазина:   44 600-66-00 ва ё тариқи қабули шахсии шаҳрвандон анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла:

– Муроҷиатҳое, ки ба воситаи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) арз карда шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ карда мешаванд. Зимни муроҷиат намудан тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) муроҷиаткунанда бояд насаб, ном ва номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, рақами телефон (мобилӣ), суроғаи почтаи электронӣ ва муҳтавои муроҷиати худро баён намояд;

Қабули шахсии шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва шахси ваколатдори Хазина дар бинои Хазина (ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2) дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи қабули шаҳрвандон, ки дар лавҳаи эълонҳо дар бино ва дар сомонаи Хазина ҷойгир карда шудааст, гузаронида мешавад. Зимни қабули шахсӣ муроҷиаткунанда ва ё намояндаи он бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намояд.

Муроҷиатҳои хаттӣ тавассути хизматрасонии алоқаи почта ба суроғаи: ш.Душанбе, к.Маяковский 77/2, инчунин зимни қабули шахсии муроҷиаткунандагон бо роҳи сабт намудани арзу шикоят пешниҳод карда мешаванд. Шахсони воқеӣ дар муроҷиати хаттӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат ва муҳтавои муроҷиатро бо имзои худ дарҷ намуда,  онро ба Хазина пешниҳод намоянд. Ба муроҷиатҳое, ки тавассути намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима карда мешавад.

Муроҷиатҳои электронӣ метавонанд тавассути суроғаи расмии почтаи электронии Хазина: info@idif.tj ё тавассути фасли “Тамос бо мо” дар сомонаи расмии Хазина дар шабакаи Интернет: www.idif.tj ирсол карда шаванд. Дар муроҷиатҳои электронӣ бояд насаб, ном, номи падари пасандоздор, суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунандагон, рақами телефон ва муҳтавои муроҷиат зикр карда шаванд. Ба муроҷиати электронии пешниҳодкардаи намояндаи муроҷиаткунанда бояд нусхаи электронии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколати онҳо илова карда шавад.

Муҳлат ва тартиби баррасии муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои ба Хазина тариқи хаттӣ ва электронӣ воридгардида тибқи тартиби муайяншудаи коргузорӣ ба қайд гирифта шуда, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, муроҷиатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Хазина дар давоми сӣ рӯз аз рӯзи бақайдгирӣ ва онҳое, ки омӯзиш ва санҷиши иловагиро талаб намекунанд, на дертар аз понздаҳ рӯз аз санаи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.

Посух ба муроҷиатҳои шифоҳӣ, ки тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ё зимни қабули шахсӣ баён гардидаанд, агар ҳодиса ва ҳолатҳои дар он иброзгардида аён бошад ва санҷиши иловагиро талаб накунад, бевосита ба тариқи шифоҳӣ дода мешавад. Агар муроҷиати шифоҳӣ бинобар зарурати санҷиши иловагӣ ҳалли худро наёбад, он ҳамчун муроҷиати хаттӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Посух ба дархостҳои хаттӣ ва электронӣ ба суроғаи почтаи электронии дар дархостҳои электронӣ нишондодашуда ё ба таври хаттӣ ба суроғаи ҷои истиқомати шаҳрванд фиристода мешаванд.

Агар муроҷиатҳое, ки ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда ба салоҳияти Хазина мансуб набошад, он гоҳ ба муроҷиаткунанда дар хусуси ба кадом мақомот муроҷиат намудан ба таврии хаттӣ ё шифоҳӣ посух дода мешавад.

Ҳангоми дар муроҷиатҳо мавҷуд набудани дархост, таклиф ё шикоят вобаста ба фаъолияти Хазина ё дар онҳо зикр гардидани сипосмандӣ, чунин муроҷиатҳо ба маълумот гирифта шуда, ба онҳо ҷавобҳо ирсол карда намешаванд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон бе баррасӣ монда мешавад, агар:

– дар муроҷиатҳои хаттӣ ва электронӣ насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашуда бошанд, хато ва бе имзо пешниҳод шуда бошанд;

– ҳангоми қабули шахсӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда ё намояндаи ӯ пешниҳод карда нашавад;

– тавассути намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд, вале онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳояшонро надоранд;

– матне дошта бошад, ки хондани он ғайриимкон аст;

– дорои ифодаҳои қабеҳ ё таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк бошад;

– муҳлати пешниҳоди шикоятро бе сабабҳои узрнок аз даст додаанд;

– муроҷиат такроран бо ҳамон як муҳтаво ирсол шуда, он аллакай аз рӯи моҳият баррасӣ шуда бошад ва дар он ҳолатҳои наве мавҷуд набошад, ки барои баррасии муроҷиат аз рӯи моҳият муҳим аст;

– посух аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар он гузошташуда, бе ифшо намудани маълумотҳои дорои сирри бо қонун ҳифзшаванда ғайриимкон бошад.


Барои маълумот оиди Хазина:

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, Хазина уҳдадор мешавад, ки маблағҳои пасандоздоронро, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ (аз ҷумла, амонати пасандозӣ, муҳлатнок ва ё кортҳои пардохтӣ)-и ташкилоти қарзӣ – узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо гузошта шудаанд, ба андозаи муқаррарнамудаи Қонун ҷуброн намояд.