БА ДИҚҚАТИ ПАСАНДОЗДОРОНИ ҶСК “АГРОИНВЕСТБОНК” ВА ҶСК “ТОҶИКСОДИРОТБОНК”

Хазина суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Ба диққати пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»


Мутобиқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №88 ва №89 иҷозатномаҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бозхонд карда шуданд.

ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд ва маблағи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ва кортҳои пардохтии бонкҳо ҷойгиранд, аз ҷониби Хазина ҷуброн карда мешавад.

Ҳадди ниҳоии маблағи ҷубронпулии суғурта зерин мебошад:

–  аз рӯи пасандозҳои бо пули миллӣ на бештар аз  30 000 сомонӣ;

–  аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз  21 000 сомонӣ.

Ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон аз ҳисоби захираҳои Хазина пардохт карда мешавад. Маблағи Хазина барои пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони суғурташудаи  ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” кофӣ мебошад.

Хазина баъди гирифтани ҳалномаи суд оиди барҳамдиҳии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, раванди пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро оғоз хоҳад кард.

Маълумоти иловагиро дар бораи тартиби пардохти ҷубронпулии суғурта метавонед тавассути телефонҳои (+992) 44 600-32-45 ё 44 600-35-45, инчунин аз сомонаи Хазина дар шабакаи Интернет (www.idif.tj) ва ё аз саҳифаи Хазина дар Facebook (www.facebook.com/DepositInsuranceFund.Tajikistan/) дастрас намоед.