Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСП “Бонки Осиё” оғоз мекунад
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки санаи 24 майи соли 2021 пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои суғурташудаи пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамхӯрдаи ҶСП “Бонки Осиё” оғоз мегардад.
Хазина ҷуброни суғуртаро барои пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд (ба истиснои фоизҳои ҳисобшуда) пардохт мекунад. Ҳадди ниҳоии маблағи ҷуброни суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 21 000 сомониро ба ҳар як пасандоздор новобаста аз шумораи суратҳисобҳои пасандозӣ дар ташкилоти қарзӣ, ташкил медиҳад.
Инчунин, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷубронпулии суғурта барои пасандозҳои як пасандоздор, ки дар ташкилоти қарзӣ ҳам бо сомонӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ ҷойгир карда шудаанд, дар ҳаҷми на бештар аз 30 000 сомонӣ пардохт карда мешавад. Ҷуброни пасандозҳо бо асъори хориҷӣ бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмӣ дар санаи баровардани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСП “Бонки Осиё” пардохт карда мешавад.
БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун бонк-агент, ки пардохти ҷуброни суғуртаро ба пасандоздорони ҶСП «Бонки Осиё» анҷом медиҳад, таъин карда шудааст. БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ном ва аз ҳисоби Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСП “Бонки Осиё” дар асоси ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ пардохт мекунад. Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздорон метавонанд дар давоми як сол ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Қабули аризаҳо ва пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСП “Бонки Осиё” дар филиали №77 БДА ҶТ “Амонатбонк” воқеъ дар ш.Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, хиёбони И.Сомонӣ 14, амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент пасандоздор бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ариза дар бораи пардохти ҷубронпулии суғуртаро дар шакли муқарраркардаи Хазина пешниҳод намояд. Нусхаи аризаро дар филиали болозикри бонк-агент ё аз сомонаи Хазина дастрас ва пур кардан мумкин аст. Ҳамзамон, барои гирифтани маблағи ҷубронпулӣ аз номи пасандоздор тавассути намояндаи ваколатдор, ки ваколатҳояш тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст, муроҷиат намудан имконпазир аст.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина (www.idif.tj) дастрас намоед.
Барои маълумот:
Иҷозатномаи ҶСП “Бонки Осиё” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 08 апрели соли 2021, №52 барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд. Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСП “Бонки Осиё” аз ҷониби Суди иқтисодии ш.Душанбе санаи 30 апрели соли 2021 қабул карда шудааст.
Дар бораи Хазина:
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, Хазина уҳдадор мешавад, ки маблағҳои шахсони воқеиро, ки дар суратҳисобҳои бонкии (аз ҷумла кортҳои пардохтӣ, пасандозҳо ва суратҳисобҳо) ташкилоти қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд, ҷуброн намояд.
Инчунин, руҷуъ намоед ба: Саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)