Дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСП “Бонки Осиё”

12.04.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2021, таҳти №52 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ташкилоти қарзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки Осиё” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд.

ҶСП “Бонки Осиё” узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ буда, пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд, аз ҷониби Хазина суғурта карда шудаанд.

Хазина ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, яъне баъд аз баромадани қарор (ҳалнома)-и суд оид ба оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ҶСП “Бонки Осиё”, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилоти қарзии мазкур шуруъ хоҳад кард.

Ҳамчунин, Хазина эълонҳои ахборотиро оиди санаи оғози пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо, ҷой, вақт ва тартиби дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути нашрияи расмии чопӣ, сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои иртиботи оммавӣ интишор менамояд.       

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина (www.idif.tj) дастрас намоед.

Барои маълумот:

Маводи иттилоотии ДАСТУР БА ПАСАНДОЗДОРОН

Саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)