Ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид

23.02.2021

Санаи 19 феврали соли 2021 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои нозирони Хазина, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2020 ва дигар масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа Раиси Хазина Ғафуров А.А. бо баромади худ ба диққати аъзои Шӯрои нозирон оид ба фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2020 ҳисобот дода, қайд намуд, ки Хазина фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва қарору супоришҳои Шӯрои нозирони Хазина амалӣ намуд. Ҳамзамон, доир ба нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, рушди он, натиҷаҳои ноилгардида ва нақшаҳои минбаъда маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд.

Ба санаи 31 декабри соли 2020 низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 34 адад ташкилоти қарзиро дарбар гирифта, аз он 16 адад бонкҳо ва 18 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд. Дар соли ҳисоботӣ фаъолияти 4 ташкилоти амонатии қарзии хурд, аз он ҷумла 2 адад бинобар барҳамдиҳии маҷбурӣ, 1 адад бинобар барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва 1 адад бинобар ба бонк табдил додан, қатъ гардид.

Ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ дар Хазина ба ҳолати 31 декабри соли 2020 маблағи 3 450,4 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба интиҳои соли 2019-ум 13,8 фоиз зиёд гардид. Дар соли ҳисоботӣ раванди мусбии афзоиши ҳиссаи пасандозҳои суғурташуда бо пули миллӣ мушоҳида гардид. Аз ҷумла, дар сохтори пасандозҳои суғурташуда ҳаҷми пасандозҳо бо пули миллӣ нисбат ба соли қаблӣ 22,5 фоиз афзуда, ҳиссаи онҳо 43,6 фоизи маблағи умумии пасандозҳои суғурташуда ва пасандозҳои асъорӣ бошад 7,9 фоиз афзуда, ҳиссаи онҳо 56,4 фоизи маблағи умумии пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеиро ташкил дод.

Шумораи умумии пасандоздорони суғурташуда бошад 483,7 ҳаз. нафарро ташкил дод, ки он нисбат ба соли гузашта 28,6 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташуда ҳиссаи бештар – 95,8 фоиз (463,6 ҳаз. нафар) дар доираи маблағи ҷубронпулӣ пурра фаро гирифта шуда, ҳиссаи боқимондаи пасандоздорон, ки маблағи пасандозҳояшон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд буда қисман ҷуброн карда мешаванд, 4,2 фоизи шумораи умумии пасандоздоронро (20,2 ҳаз.нафар) ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи бештари пасандоздорони суғурташуда аз ҷониби Хазина пурра ҳимоя карда мешавад.

Ба санаи 1 январи соли 2021 маблағи умумии пасандозҳои суғурташуда дар доираи андозаи ҷубронпулӣ, ки уҳдадориҳои умумии Хазинаро аз рӯи пардохти ҷубронпулӣ дар назди пасандоздорони суғурташуда нишон медиҳад, 1 202,6 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба соли қаблӣ 14,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2020 дар як ташкилоти амонатии қарзии хурди узви Хазина ҳолати суғуртавӣ ба вуқуъ омад. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2020 иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат” барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд карда шуд. Аз ҷониби Хазина дар асоси Феҳристи пешниҳоднамудаи Мудири махсус ба пасандоздорони суғурташудаи ташкилоти қарзии мазкур тавассути бонк-агент (ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”) ба маблағи 59,0 ҳаз. сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шуд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 дороиҳои умумии Хазина маблағи 309,9 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 20,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Андозаи ниҳоии маблағи Хазина бошад 5,8 фоизро ташкил намуд, ки он тибқи қонун дар ҳаҷми 7 фоизи ҳамаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда шудааст.

Хазина фаъолияти молиявии худро дар соли 2020 бо фоида ба маблағи 4026,4 ҳаз. сомонӣ ҷамъбаст намуд, ки он нисбат ба соли гузашта 7,6 маротиба зиёд мебошад (дар соли 2019-ум 527,9 ҳаз. сомонӣ).

Санҷиши фаъолияти молиявии Хазина дар соли 2020 аз ҷониби ширкати аудитории ҶДММ “Консултант аудит” гузаронида шуд ва ки тибқи хулосаи аудиторон фаъолияти молиявии Хазина дар соли 2020 хуб баҳо дода шудааст.

Ҳангоми баромад қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти минбаъдаи Хазина, танзими босамари низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, инчунин афзун намудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, Хазина фаъолияти худро дар соли 2021 дар самти иҷрои босамари вазифаҳои вогузоршуда вусъат хоҳад дод.

Шӯрои нозирон дигар масъалаҳои ба фаъолияти Хазина вобастабударо, аз ҷумла дар бораи ҳисоботҳои молиявии Хазина дар соли 2020, дар бораи тағйирот ба ҳисоботи №2-Х “Ҳисобот оид ба сохтори пасандозҳои суғурташуда”, дар бораи лоиҳаи Кодекси одоби хизматӣ ва этикаи кории кормандони Хазина, дар бораи нақшаи молиявии Хазина барои соли навбатии 2021-ро мавриди муҳокима ва қобили қабул дониста, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои суғуртавӣ, идоракунии босамари дороиҳо, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба суғуртаи пасандозҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.