Рӯзҳои 24–27 августи соли 2026 дар доираи татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ҳайати кории Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Агентии суғуртаи пасандозҳои Гурҷистон (Агентӣ) ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон сафари хизматиро анҷом дод.
Мақсади асосӣ ва таваҷҷуҳи махсус дар рафти сафари корӣ ба омӯзиши таҷрибаи Агентии суғуртаи пасандозҳои Гурҷистон дар самти таҳия, татбиқ ва пешбурди низоми иттилоотии идоракунӣ (SCV/MIS) оид ба ҷамъоварӣ, муттаҳидсозӣ, санҷиш ва коркарди маълумоту ҳисоботҳои ташкилотҳои қарзӣ, баҳисобгирӣ ва тартибдиҳии Феҳристи пасандоздорони суғурташуда, раванди ҳамгироии низоми иттилоотӣ бо бонк-агентҳо, инчунин таъмини ҳифзи маълумоти он равона гардид. Ҳамзамон, дар рафти сафари мазкур бо фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла заминаҳои институтсионалӣ, ваколату вазифаҳо, нишондиҳандаҳои асосӣ ва дар умум вазъи низоми суғуртаи пасандозҳо мубодилаи таҷриба карда шуд.
Дар доираи сафар мулоқоти роҳбарони Хазина Асоев М.Қ. ва Агентӣ Леван Тодуа баргузор гардида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда ва табодули донишҳои касбӣ баррасӣ шуданд, ки дар фарҷом ҷонибҳо Ёддошти ҳусни тафоҳумро байни Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи пасандозҳои Гурҷистон оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расониданд. Ёддошти мазкур ба густариши робитаҳои корӣ равона гардида, минбаъд барои табодули таҷриба ва такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.


Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина | FAQs
| Тамос