Ҳамдиёрони азиз!
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Шуморо бо фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният мегуяд.
Ба муносибати ҷашни ин рӯзи сарнавиштсози давлат, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгори обод ва осмони софу беғуборро таманно менамоем. Бигзор дар сарзамини азизамон сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва амну субот доимо пойдор бошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Барои маълумот:
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина | FAQs
| Тамос