Ҷамъбасти фаъолияти Хазина дар 9 моҳи соли 2020

Ба ҳолати 30 сентябри соли 2020 низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 адад ташкилоти қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 16 ададро бонкҳо ва 20 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 3077,3 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 381,8 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.

Дороиҳои Хазина ба санаи 31 октябри соли 2020 маблағи 307,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд мебошад.