Ба ҶСП ТАҚХ « Капитал Траст » тасдиқномаи узвият дар Хазина дода шуд

Ба ҶСП ТАҚХ « Капитал Траст » тасдиқномаи узвият дар Хазина дода шуд

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди «Капитал Траст» барои анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶСП ТАҚХ «Капитал Траст» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №086 аз санаи 23 феврали соли 2026 дода шуда,         ҶСП ТАҚХ «Капитал Траст» мувофиқан дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил карда шуд.


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: