Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Имон Интернешнл” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуд.
Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶСП Бонки “Имон Интернешнл” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина аз санаи 29 декабри соли 2025, таҳти №84 дода шуда, мувофиқан дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо тағйироти дахлдор ворид карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ташкилоти қарзии мазкур дар натиҷаи табдилдиҳӣ аз ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ба ҶСП Бонки “Имон Интернешнл” таъсис дода шудааст. Вобаста ба ин, Тасдиқномаи ба ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” дар бораи узвият ба Хазина аз 27 марти соли 2013, №044 додашуда, аз эътибор соқит дониста шуд.
Барои маълумот:
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
Барои тамос:
- Маркази тамос: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@dif.tj
- Сомонаи Хазина: www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:t.me/DIFtj