Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

16-уми декабри соли 2025 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд. Паём санади муҳими барномавӣ буда, воқеияти рушди устувор ва ҳадафҳои стратегиро барои марҳилаҳои наздик муайян мекунад.

Дар Паёми худ сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, масъалаҳои муҳими таъмини рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро мушаххас карданд.

Дар Паём роҳбари давлат оиди зарурати идомаи ислоҳот барои таъмини рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, ҷалби сармоя ва мусоидат ба соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ таъкид намуданд. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори рақобатпазирӣ ва рақамисозии иқтисод дар Паём ба вусъат додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, истифодаи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди устувор баён карда шуд.

Инчунин, диққати махсус ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг, илму технология ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шуд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъул ба таври муштарак тамошо ва муҳокима гардид.

Матни пурра: «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»


Барои маълумот:

🛡️ Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.


Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: