
Мо кӣ ҳастем ва чӣ кор мекунем
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) соли 2004 ҳамчун Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ таъсис ёфтааст. Дар соли 2011, пас аз тағйироти сохторӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», Хазина вориси ҳуқуқии Фонди кафолати амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ гардид. Дар соли 2023 дар натиҷаи ворид гардидани тағйиру иловаҳои нав ба қонун, миқёс ва сатҳи фарогирии суғуртавии пасандоздорон бо ворид гардидани субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотзои ғайритиҷоратӣ, васеъ гардид.
Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки дорои тавозуни мустақил ва муҳри мудаввар бо сабти номи худ мебошад, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ва Оинномаи худ фаъолият мекунад. Ҳадафи аввалиндараҷаи мо ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади ҳифзи маблағҳои пасандоздорон ва пасандозҳои онҳо аз хавфи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, Хазина фаъолияти самараноки низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро (НСАП) таъмин менамояд. Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзии аъзо, Хазина уҳдадор мегардад, ки ба пасандоздорон маблағи суғурташударо дар доираи андозаи ҷубронпулии суғурта ҷуброн намояд.
Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ки узви Хазина мебошанд, дар феҳристи ташкилотҳои қарзии НСАП сабт гардида, тасдиқномаи узвиятро доро мебошанд. Суғуртаи амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ва ташкилотҳои қарзӣ барои пасандоздорон бе ягон хароҷоти иловагӣ ва пурра ройгон амалӣ карда мешавад – ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина тамоми хароҷоти суғуртаро рӯйпӯш менамоянд.
Мақсад, биниш ва арзишҳои мо
Ҳимояи пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ
Ташкилоти самараноки суғуртаи пасандозҳо будан, ки рисолати худро мутобиқ ба стандартҳои баланди байналмилалӣ иҷро мекунад
Самти иҷтимоӣ • Шаффофият • Профессионализм • Беғаразӣ • Масъулияти молиявӣ
Муҳиммияти Хазина дар чист?
Хазина чӣ гуна фаъолияти мекунад?
- Дар доираи Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» фаъолият мекунад.
- Аз ҷониби Шурои нозирон, ки ҳайати он аз ниҳодҳои асосии молиявӣ иборат аст, идора карда мешавад.
- Маблағи Хазина аз ҳисоби пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина ва дигар маблағҳои ба дастомада ташаккул меёбад.
- Маблағҳоро мувофиқи принсипҳои бехатарӣ, пардохтпазирӣ ва даромаднокӣ сармоягузорӣ мекунад.
- Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон сари вақт пардохт мекунад.
Моҳияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо (НСАП) бо мақсади ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон аз хавфи барҳамхӯрии ташкилоти қарзӣ, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, ташкил дода шудааст. Яке аз ҳадафҳои он то ҳадди ақалл коҳиш додани ҳолатҳои ваҳму шиддатнокии иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ, инчунин пешгирии паҳншавии занҷирии буҳрони молиявӣ аз як ташкилоти қарзӣ ба ташкилоти қарзии дигар ҳангоми сар задани ҳолати суғуртавӣ мебошад.
НСАП дар ҳамбастагӣ бо ваколатҳои танзиму назорати прудентсиалӣ, дастгирии пардохтпазирӣ ҳамчун қарздеҳи сатҳи охирин ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ, низоми нигоҳдории суботи молиявиро дар бар мегирад.