Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ

Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ

ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Мутахассис оид ба технологияҳои иттилоотӣ

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;
  • Дониш ва таҷрибаи корӣ бо низомҳои иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳо дар ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ;
  • Малака дар таҳлили вариативии равандҳои корӣ бо мақсади оптимизатсия/автоматикунонии онҳо ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (техзадание);
  • Донистани методологияи таҳияи маводҳои таъминоти барномавӣ ва роҳҳои гуногуни тавсифи талабот ба барномаҳо (use cases/user stories, UML-диаграммаҳо)
  • Малакаи корӣ ва маълумот оид ба забонҳои барномасозӣ (Python, JavaScRipt, YBA ё дигар);
  • Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
  • Доштани малакаи корӣ оид ба насби барномаҳо ва танзими таҷҳизоти компютерӣ, серверӣ ва коммуникатсионӣ, ташкил ва такмили шабакаҳои компютерӣ;
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ.

Барои иштирок дар озмун аз довталабон пешниҳоди тарҷумаи ҳол (резюме) бо замимаи сурат дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии Хазина hr@idif.tj қабул карда мешавад.

Тамдиди муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 20.12.2025 сол.

Барои маълумоти иловагӣ: тел. 44-600-35-05.

Танҳо довталабоне, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ба иштироки занҳои соҳибихтисос дар озмун бартарӣ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ баъд аз баррасӣ ва мусоҳибаи пешакӣ аз номзад талаб карда мешаванд.


Барои маълумот:

🛡️ Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.


Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.