Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи сеюми соли 2025 бо ҳадафи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, таъмини фаъолияти самараноки низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи маълумотдиҳӣ дар раванди фаъолияти доимӣ, маводи таҳлилӣ-иттилоотии “Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо” мунтазам омода ва пешниҳоди ҷомеа мегардад. Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи сеюми соли 2025 маълумоти мухтасарро оид ба иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда ва сохтори он, шумораи пасандоздорони суғурташуда, аз ҷумла ҳиссаи пасандоздорони пурра суғурташуда, ҳаҷм ва сохтори уҳдадории суғуртавии Хазинаро дар бар мегирад. Илова ба ин, дар шарҳ ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, фаъолияти сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои молиявии Хазина дар давраи ҳисоботӣ низ инъикос ёфтаанд.
Барои маълумот:
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00 - Еmail:
info@dif.tj - Сомонаи Хазина:
www.dif.tj - Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj