Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Васл Бонк» барои анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶСП «Васл Бонк» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №000080 аз санаи 11 сентябри соли 2025 дода шуда, ҶСП «Васл Бонк» мувофиқан дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил карда шуд.
Барои маълумот:
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
Барои тамос:
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00
- Еmail:
info@dif.tj
- Сомонаи Хазина:
www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj