34-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак!

Ҳамватанони гиромиқадр!

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, хотирҷамъию сарфарозӣ, саодатмандию сарбаландӣ, комёбиҳои беназир ва иродаи созандагиву ободкориро баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизамон таманно менамояд.

Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат пойдор бошад!

Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборак бошад!