Тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҳумо Бонк” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуд.

Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶСП “Ҳумо Бонк” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз санаи 29 июли соли 2025, таҳти №000078 дода шуда дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Бояд қайд кард, ки ташкилоти қарзии мазкур дар натиҷаи табдилдиҳӣ аз ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ба ҶСП “Ҳумо Бонк” таъсис дода шудааст. Вобаста ба ин, Тасдиқномаи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз 19 июни соли 2023, №046 аз эътибор соқит дониста шуд.