Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи дуюми соли 2025

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи дуюми соли 2025 бо ҳадафи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, таъмини фаъолияти самараноки низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи маълумотдиҳӣ дар раванди фаъолияти доимӣ, маводи таҳлилӣ-иттилоотии “Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо” мунтазам омода ва пешниҳоди ҷомеа мегардад. Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи дуюми соли 2025 маълумоти мухтасарро оид ба иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда ва сохтори он, шумораи пасандоздорони суғурташуда, аз ҷумла ҳиссаи пасандоздорони пурра суғурташуда, ҳаҷм ва сохтори уҳдадории суғуртавии Хазинаро дар бар мегирад. Илова ба ин, дар шарҳ ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, фаъолияти сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои молиявии Хазина дар давраи ҳисоботӣ низ инъикос ёфтаанд.