Ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода санаи 04 марти соли 2020 баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2019 ва дигар масъалаҳои вобаста бо фаъолияти Хазина мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Хазина Ғафуров А.А. ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2019-ро ба диққати аъзои Шӯрои нозирон пешниҳод намуда, қайд намуд, ки Хазина фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва қарору супоришҳои Шӯрои нозирони Хазина амалӣ намудааст.Ба санаи 31 декабри соли 2019 низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 37 адад ташкилоти қарзиро дарбар гирифта, аз он 15 адад бонкҳо ва 22 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд.
Маблағи пасандозҳои дар Хазина суғурташудаи ташкилотҳои қарзӣ 3,1 млрд. сомонӣ буда, шумораи пасандоздорони суғурташуда 376,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дороиҳои Хазина ба санаи 31 декабри соли 2019 маблағи 289,5 млн. сомониро ташкил дод, ки он 5,9 фоизи андозаи ниҳоии маблағи Хазинаро ташкил медиҳад.
Дар соли ҳисоботӣ дар ду ташкилоти қарзии узви Хазина ҳолати суғуртавӣ ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа Хазина аз ҳисоби захира барои ҷуброни пасандозҳои суғурташуда ба пасандоздорони ин ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 309,2 ҳаз. сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт намуд.
Шӯрои нозирон дигар масъалаҳои ба фаъолияти Хазина вобастабударо, аз ҷумла дар бораи ҳисоботҳои молиявии Хазина дар соли 2019, дар бораи тағйирот ба ҳисоботи №2-Х “Ҳисобот оид ба сохтори пасандозҳои суғурташуда”, лоиҳаи “Сиёсати баҳисобгирии Хазина”, лоиҳаи “Барномаи интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи пасандозҳо”-ро мавриди муҳокима қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Инчунин, аз ҷониби Шӯрои нозирон ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба суғуртаи пасандозҳо, омодагӣ ба ҳолатҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.