Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва сармоя”

6 апрели соли 2012 дар Бонки миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва сармоя” бо иштироки гурӯҳи AIAK (Arab Investments for Asia Kuwait Limited) ва LFSA (Малайзия) баргузор гардид. Намояндагони гурӯҳи AIAK дар Мизи мудаввар баромад намуда ба иштирокчиён оиди рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва сармоя дар Малайзия маълумот доданд.
Дар Мизи мудаввар намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Мизи мудаввар Муовини Раис Ғафуров А.А. иштирок намуд ва оиди иштироки Хазина дар бозори қоғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон баромад кард. Намояндагони гурӯҳи AIAK (Arab Investments for Asia Kuwait Limited) ва LFSA (Малайзия) баромад намуда, иштирокчиёнро бо бозори қоғазҳои қиматнок ва сармоя дар Малайзия шинос намуданд.