19 июни соли 2012 роҳбарияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар семинари “Имкониятҳо ва мушкилоти ҷалбкунии пасандозҳо дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Маркази маблғгузории хурд (МФҚ) ташкил гардид иштирок намуд.
Дар семинари мазкур масъалаи нақши пасандозҳо дар иқтисодиёт, натиҷаи тадқиқот оиди пасандозҳо дар Тоҷикистон, омори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пасандозҳо, натиҷаи тадқиқот доир ба талаботи аҳолӣ барои баланд бардоштани дониши молиявӣ, роҳҳои ҷалбкунӣ ва афзоиши сатҳи пасандозҳо дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд. Дар семинар Раиси Хазина Ҳакимов А.А. дар мавзӯъи мақсад ва стратегияи фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон баромад намуд.
Views: 2