5-умин ҷаласаи солонаи КМА
27-28 августи соли 2012 дар ш. Боку (Ҷумҳурии Озорбойҷон) 5-умин ҷаласаи солонаи Кумитаи минтақавии Авруосиёи (КМА) Ассотсиатсияи байналхалқии суғуртакунандагони пасандозҳо (IADI) ва семинари “Худбаҳодиҳии низоми суғуртакунии пасандозҳо дар кишварҳои узви КМА” гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Ҳакимов Абдувосе Абдураҳмонович иштирок намуд.
Дар семинар 25 нафар намояндаҳо аз Ассотсиатсияи байналхалқии суғуртакунандагони пасандозҳо (IADI), Корпоратсияи суғуртакунии пасандозҳои Малайзия, намояндагони USAID аз рӯи барномаи устувории молиявӣ ва роҳбарони Агентии суғуртакунии пасандозҳои узви Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) иштирок карданд.
Раиси Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) оиди фаъолияти кории Кумита аз сентябри соли 2011 то августи соли 2012 ҳисобот пешниҳод намуда, оиди чорабиниҳое, ки дар доираи фаъолияти КМА дар солҳои 2012-2014 ба нақша гирифта шудаанд, маълумот пешниҳод намуд. Инчунин дар ҷаласа ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии кафолати пасандозҳои бонкии шахсони воқеии Ҷумҳурии Белорус ба Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) ба ҳайси нозирон қабул карда шудаанд.
Дар семинар масъалаи худбаҳодиҳии фаъолияти низомҳои суғуртакунии пасандозҳо, мувофиқ будани онҳо ба принсипҳои асосии самаранок суғуртакунии пасандозҳо, бо иштироки Ассотсиатсияи байналхалқии суғуртакунандагони пасандозҳо (IADI) дар мисоли кишварҳои Албания, Нигерия, Колумбия, Малайзия ва таҷрибаи худбаҳодиҳии кишварҳои узви Кумитаи минтақавии Авроосиё (КМА) баррасӣ карда шуд.
Дар рафти семинари мазкур оиди суст ба роҳ мондани суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ дар баъзе давлатҳо гуфта шуда, оиди беҳтар намудани ҷиҳатҳои институтсионалӣ ва ташкили мақомотҳои суғуртакунии пасандозҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Худбаҳодиҳӣ масъалаи ташкили низоми суғуртакунонии пасандозҳо, аз ҷумла то чї андоза мувофиқат намудани онҳо ба мақсадҳои сиёсати давлатӣ, ҳуқуқ ва ваколатҳои агентҳои суғуртакунонӣ, идоракунии корпоративӣ ва бахусус муносибатҳо бо дигар мақомотҳои бехатарии молиявиро дар бар мегирад. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо пурра баррасӣ гардида, оиди беҳтар ва мувофиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналхалқӣ тавсияҳо дода шуданд.