13-уми феврали соли 2013-ум ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ваколатҳои Шӯрои нозирон баррасӣ карда шуд. Дар ҷаласа Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба Шӯрои нозирон ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2012-ум пешниҳод намуд. Шӯрои нозирон ҳисоботи солонаи Хазинаро барои соли молиявии 2012 баррасӣ намуда онро тасдиқ намуд. Инчунин дар ҷаласа як қатор санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина аз ҷониби Шӯрои нозирон тасдиқ карда шуд.
Views: 3