Дар нимсолаи 1-уми соли 2013 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохтҳои тақвимӣ пурра гузаронида шуданд, ки дар натиҷа дороиҳои Хазина ба санаи 23 июли соли 2013 зиёда аз 100,0 млн. сомониро ташкил намуд. Дар баробари ин ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ дар Хазина ба санаи 1 июли соли 2013 маблағи 2 461,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Views: 2