Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо Агентии ҳифзи амонатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид

Санаи 5 сентябри соли 2013 Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Агентии ҳимояи амонатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро ба имзо расонид.

Ҳуҷҷати мазкур барои рушди ҳамкории тарафайн дар самти такмили низоми суғуртакунии пасандозҳо ва таъмини устувории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қиризистон, аз ҷумла таҳкими боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзии ҳарду кишвар равон гардидааст.

Самтҳои асосии ҳамкорӣ аз омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи суғуртакунии пасандозҳо, аз ҷумла дар самти автоматикунонии фаъолияти суғуртакунии пасандозҳо, омӯзиши кормандон, мубодилаи маълумотҳои оморӣ, мубодилаи нашрия ва маҷаллаҳоро дар бар мегирад.