Санаи 5-7 сентябри соли 2013 дар вилояти Иссикули Ҷумҳурии Қирғизистон 6-умин ҷаласаи солонаи Кумитаи минтақавии Авруосиёи (КМА) Ассотсиатсияи байналхалқии суғуртакунандагони пасандозҳо (IADI) ва семинар дар бораи “Нақши ташкилотҳо оид ба суғуртакунии пасандозҳо дар устувории низоми молиявӣ” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Муовини раис Ғафуров Асадулло Абдушукурович иштирок намуд.
Раиси Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) Азад Ҷавадов дар бораи фаъолияти кории Кумита ҳисобот пешниҳод намуда, оиди чорабиниҳое, ки дар доираи фаъолияти Кумитаи минтақавии Авруосиё дар солҳои 2012-2013 гузаронида шуд, маълумот дод. Инчунин дар ҷаласа ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки Фонди суғуртакунии пасандозҳои Туркия ба Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) ба ҳайиси аъзо қабул карда шуд.
Дар семинар нақши ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳо дар устувории низоми молиявӣ баррасӣ гардид. Мутахассисон аз Фонди суғуртаи пасандозҳои Туркия баромад намуда дар бораи ҳамкории низоми суғураткунии пасандозҳо бо дигар иштирокчиёни низоми молиявӣ маълумот доданд. Дар рафти семинар мутахасисон аз Арманистон, Озорбойҷон, Белорусия, Русия, Украина, Тоҷикистон ва Қирғизистон баромад намуда, оиди рушди низоми суғуртакунии пасандозҳо дар кишварҳои худ маълумот доданд. Дар семинар инчунин мушкилиҳои дар кори ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳо ҷойдошта низ баррасӣ шуданд, аз ҷумла масъалаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳод намудани қарз барои ҷуброни пасандозҳо ва иштироки ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳо дар барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.