Дар соли 2014 мутобиқи ёддошти тафоҳум байни ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳои узви Кумитаи минтақавии Авруосиёи (КМА) мунтазам онлайн семинарҳо тавассути алоқаи шабакаи интернет дар мавзӯъи суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ гузаронида мешаванд, ки дар он ҳамаи кормандони Хазина иштирок менамоянд.
Семинари навбати санаи 19 феврали соли 2014 дар мавзӯи “Ҷорӣ ва мустаҳкам намудани пардохтҳои дифферентсионӣ” гузаронида шуд. Дар семинари мазкур намояндагони Фонди суғуртакунии пасандозҳои Туркия, Фонди кафолати пасандозҳои Қазоқистон ва Фонди кафолати пасандозҳои шахсони воқеӣ Украина баромад намуданд. Ҳар як ҷониб аз рӯи мавзӯи додашуда баромад намуд, ва пас дигар иштирокчиёни онлайн семинар ба баррасии масъалаҳои дар рафти баромадҳо ба амаломада фаъолона иштирок намуданд.
Гузаронидани ингуна семинарҳо барои такмили дониши кормандони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҷрибаи самаранок буда, замина барои мубодила дониш ва таҷриба байни кормандони ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳо мегардад.