Шумораи иштирокчиёни низоми суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2014 зиёд гардид

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” иштирок дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ дорад, ҳатмӣ мебошад.

Дар нимсолаи 1-уми соли 2014 шумораи иштирокчиёни низоми суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ боз ба 6 адад зиёд гардид. Дар моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби Хазина ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкилотҳои қарзии зерин ҶДММ ТАҚХ “Сарват М” таҳти №49, ҶДММ ТАҚХ “Стандарт молия” таҳти №50, ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат” таҳти №51, ҶДММ ТАҚХ “Сафӣ” таҳти №52 ва ҶДММ ТАҚХ “Амонат-Қарз” таҳти №53 ворид карда шуданд. Ба ҳамаи ин ташкилотҳои қарзӣ Тасдиқнома дар бораи узвият дар Хазина дода шуд.

Ҳамин тавр, шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазина ба ҳолати 1 июли соли 2014 ба 53 адад расид, ки 14-тои он бонкҳо ва 39-тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошанд.