Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 июли соли 2014 маблағи 153,4 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2014 маблағи 28,0 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 2 845,3 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 294,3 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.
Views: 2