Вохӯрии Роҳбарияти Хазина бо ҳайати муштараки Хазинаи байналхалқии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ

3 октябри соли равон дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мулоқоти роҳбарияти Хазина бо ҳайати муштараки Хазинаи Байналхалқии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳайати  ҷ-би Давид Григорян (Роҳбари гурӯҳи ХБА), ҷ-би Мартин Мелеки (Роҳбари гурӯҳи БҶ) ва ҷ-би Айдин Биболов (Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон) баргузор гардид.

Аъзои ҳайати номбурда Барномаи баҳодиҳии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифи намуданд.  Дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки дар доираи барномаи мазкур мутахассисони ХБА ва БҶ баҳодиҳии бахши молияи Тоҷикистонро анҷом хоҳанд дод.  Аз он ҷумла қайд гардид, ки ҳаҷми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ меафзояд ва низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ устуворона инкишоф меёбад.

Роҳбарияти Хазина, дар навбати худ ба меҳмонон, оиди сохтор ва  фаъолияти Хазина, инчунин дар бораи иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳо маълумот дод.

Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ  Хакимов А.А.,  дар интиҳои вохӯри  ба аъзои ҳайати муштарак барои арзёбии ҳамаҷонибаи бахши молиявии мамлакат ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманди сеҷониба байни ХБА, БҶ ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.