Вохӯрии Раиси Хазина бо намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Инкишоф (БАТИ)

7 октябри соли 2014 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии Раиси Хазина Ҳакимов А.А. бо намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Инкишоф ҷ-би Том Лане баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯри оиди масоили бахши молиявии Тоҷикистон ва рушди бозори сармоя  мубодилаи афкор баргузор гардид. Раиси Хазина меҳмонро бо сохтор ва инкишофи низоми суғуртаи пасандозҳо дар Тоҷикистон шинос намуд. Дар навбати худ ҷ-би Том Лане изҳор намуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Инкишоф бо мақсади беҳтар намудани бахши молиявии Тоҷикистон нақша дорад, ки бозори сармояи дохилиро тараққӣ диҳад ва дар ин масъала саҳми Хазинаро хело назаррас меҳисобад.

Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ва ҷ-би Том Лане ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти рушди бозори сармояи Тоҷикистон баррасӣ намуданд.