Ҷамъбасти фаъолияти Хазина дар 9 моҳи соли 2014

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 октябри соли 2014 маблағи 167,5 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина дар 9 моҳи соли ҷорӣ маблағи 42,7 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 2 997,7 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 310,1 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.