Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти дорои маъсулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “ Рушди Ориён” санаи 30 декабри соли 2014 ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти №54 дохил карда шуда, ба ӯ Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 54 адад расид, ки 14-тои он бонкҳо ва 40-тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошанд.
Views: 5