Вохӯрии бо намояндагони ҳайати муштараки Хазинаи байналхалқии Асъор (ХБА) ва Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ)

27 январ ва 2 феврали соли 2015 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати муштараки Хазинаи Байналхалқии Асъор (ХБА) ва Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар доираи барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ бо ҷ-би Ян Нолтэ (сармутахасиси молиявӣ БҶ) ва  ҷ-би Андрас Фекети-Гёр (эксперти мушовир) баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯри баён гардид, ки дар доираи барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ баҳодиҳии низоми суғуртаи пасандозҳо Тоҷикистон низ анҷом дода мешавад. Роҳбарияти Хазина ба меҳмонон оиди фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз он ҷумла қайд гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 54 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад. Дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина афзоиши устувори пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ идома меёбад. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазина як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид, ки раванди пардохти саривақти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон таъмин менамояд.  Аз ҷониби ҳайати корӣ ба Хазина оиди беҳтар намудани раванди пардохти ҷубронпулиҳо ба пасандоздорон ва рушди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тавсияҳо дода шуд.

Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хакимов А.А. ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ баҳри таъмини рушди низоми суғуртаи пасандозҳо идома хоҳад дод.