Санаи 9 июли соли 2015 онлайн семинари навбатии Кумитаи минтақавии Авросиё (КМА) дар мавзӯи “Андозаи ҷубронпулӣ ва маблағи ниҳоии Фондҳо” гузаронида шуд, ки дар он аз нӯҳ кишвар ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ иштирок намуданд. Дар онлайн семинари мазкур оҷонсиҳо ва фондҳои суғуртакунии пасандозҳо аз Қазоқистон, Русия, Озорбойҷон, Арманистон, Украина ва Қирғизистон баромад намуда, оиди таҷрибаи кишварҳои худ дар масъалаи тағйирёбии андозаи ҷубронпулӣ ва муайян намудани маблағи ниҳои барои ҷубронпулии суғурта маълумот доданд. Кормандони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар баррасии саволҳо фаъолона иштирок намуда, оиди андозаи маблағи ҷубронпулӣ ва андозаи ниҳоии маблағи Хазина маълумот доданд.
Баргузории онлайн семинарҳо барои такмили дониши кормандони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҷрибаи самаранок буда, замина барои мубодила дониш ва таҷриба байни кормандони ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳо мебошад.