Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки дороиҳои Хазина ба ҳолати 30 сентябри соли 2015 маблағи 218,4 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина дар 9 моҳи соли ҷорӣ маблағи 50,5 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 3 652,9 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 328,0 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.
Views: 4