Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғурта
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Суғуртаи амонату пасандозҳо барои пасандоздорон пурра ройгон мебошад ва шартномаи махсуси суғуртаро талаб намекунад – тамоми хароҷоту чорабиниҳо ба уҳдаи худи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина вогузор шудааст.
Ба пасандоздорони амонату пасандозҳояшон суғурташаванда шахсони зерин дохил мешаванд:
- Шахсони воқеӣ
- Соҳибкорони инфиродӣ
- Шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд
- Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
Ба объекти ҳатмии суғурта маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозии зерини пасандоздорон, ки дар ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шудаанд, дохил мешаванд:
- Суратҳисобҳои дархостӣ
- Суратҳисобҳои пасандозӣ
- Суратҳисобҳои муҳлатнок
- Суратҳисобҳои кортҳои бонкӣ
Ба объекти ҳатмии суғурта инҳо дохил намешаванд:
- Ҳисобҳои металлии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
- Маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ гузошташуда
- Суратҳисобҳои амонату пасандозии шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
- Суратҳисобҳои амонату пасандозии дар ташкилотҳои қарзии исломӣ кушодашуда
- Маблағҳои электронӣ
- Суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки ҳуқуқ ба онҳо ба шахсони дигар дар асоси шартномаи берун аз ташкилоти қарзӣ басташуда додамешавад
- Суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки дорандаи ҳуқуқи ихтиёрдориии он дар ташкилоти қарзӣ муайян нест
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.