Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2015 таҳти №240 ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” бо сабаби барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз санаи 23 ноябри соли 2015 аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хориҷ карда шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 52 ташкилоти қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 14 ададро бонкҳо ва 38 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд.
Views: 4