Вохӯрӣ бо намояндагони ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ)

2 декабри соли 2015 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар доираи Барномаи маблағгузорӣ барои рушди Тоҷикистон бо ҷ-би Ролф Берндт (менеджери глобалии БҶ), хонум Ранда Акил (иқтисодчии пешбари БҶ), хонум Зарина Одинаева (роҳбари минтақавии лоиҳаи БҶ) ва ҷ-би Тим де Ваан (мутахасиси бахши молиявии БҶ) баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯри баён гардид, ки дар доираи Барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ, баҳодиҳии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон низ анҷом дода мешавад. Роҳбарияти Хазина ба меҳмонон оиди фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 51 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад. Бо мақсади зиёд намудани пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон як қатор тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ворид карда шуд. Аз ҷониби ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазина оиди беҳтар намудани қонунгузории амалкунанда дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тавсияҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод карда шуд.

Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хакимов А.А. ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ баҳри таъмини рушди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.