Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2016 дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда шуд.
Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ ҳолатӣ суғуртавӣ ҳисобида мешавад.
Хазина баъди аз Бонки миллиии Тоҷикистон гирифтани нусхаи қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар мӯҳлатҳои дар қонуни мазкур зикргардида оғоз менамояд.