Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ва Ҷамъияти дорои маъсулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Алиф-Cармоя» ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти № 55 ва № 56 санаи 01 апрели соли 2016 дохил карда шуда, ба онҳо Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 51 адад расид, ки 15-тои он бонкҳо ва 36-тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошанд.
Views: 5