Дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ таъин карда шуд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 18 маи соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъйин намуд.