Санаи 30 июн то 2 июли соли 2016 дар ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 9-умин ҷаласаи солонаи Кумитаи минтақавии Авруосиёии Ассотсиатсияи байналхалқии суғуртакунандагони пасандозҳо (КМА, АБСП) ва семинар дар мавзӯи “Низоми самараноки суғураткунии пасандозҳо ва идоракунии бӯҳрон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Муовини раис Ғафуров Асадулло Абдушукурович иштирок намуд.
Раиси Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) Қосимов Ҷиргалбек Туратбекович дар бораи фаъолияти кории кумита дар солҳои 2014-2015 ҳисобот пешниҳод намуда, оиди чорабиниҳое, ки дар доираи фаъолияти кории Кумитаи минтақавии Авруосиё гузаронида шуданд, маълумот дод. Дар ҷаласаи солона Корпоратсияи суғуртакунии пасандозҳои Монголия ба узвияти Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) қабул карда шуд.
Дар семинар нақши ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳо дар устувории низоми молиявӣ баррасӣ гардид. Дар рафти семинар мутахассисон аз Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Украина ва Туркия баромад намуда, оиди рушди низоми суғуртакунии пасандозҳо дар кишварҳои худ маълумот доданд. Инчунин масъалаи идоракунии самараноки низоми суғуртакунии пасандозҳо ҳангоми бӯҳрони молиявӣ низ баррасӣ шуд.