Санаи 29 июли соли 2016 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Хазина дар нимсолаи аввали соли 2016 муҳокима карда шуд. Мутобиқи маълумотҳои Хазина ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ маблағи 4335,8 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 921,3 ҳаз.нафарро ташкил медиҳад. Дар рафти ҷаласа масъалаи иштироки Хазина дар музоядаи қоғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва шомил гардидани Хазина ба низоми «Томсон Рейтарс Айкон» низ баррасӣ гардид. Инчунин як чанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина аз ҷониби Шӯрои нозирони Хазина тасдиқ карда шуд.
Views: 3