Ҷамъбасти фаъолияти Хазина дар 9 моҳи соли 2016

Ба ҳолати 30 сентябри соли 2016 низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 51 адад ташкилоти қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 15 ададро бонкҳо ва 36 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 4211,6 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 969,2 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.

Дороиҳои Хазина ба ҳолати 30 сентябри соли 2016 маблағи 256,4  млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба аввали сол 9,7 фоиз зиёд мебошад.