Мулоқоти роҳбарияти Хазина бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

7 декабри соли равон дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мулоқоти роҳбарияти Хазина бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳияи нақшаи ислоҳоти идоракунии қарз хонум Лилия Разлог (сармутахасис оид ба масъалаҳои идоракунии қарз), хонум Зелжка Седло (мушовир) ва ҷаноби Баҳром Зиёев (иқтисодчӣ) баргузор гардид.

Дар рафти вохӯри ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди қоғазҳои қиматноки давлатӣ,  имкониятҳои мавҷудаи сармоягузории Хазина ва таҳкими бозори қоғазҳои қиматнок сӯҳбат намуданд.

Дар интиҳои сӯҳбат Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба ҳайтаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳияи нақшаи ислоҳоти идоракунии қарзӣ давлатӣ барои  арзёбии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ баҳри таъмини рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ идома хоҳад дод.