Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд

Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” аз 1 январи соли 2017 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 50 сомонӣ муқарар кара шуд.

Ҳамин тавр, андозаи ҷубронпулии пасандозҳо, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғурати пасандозҳои шахсони воқеӣ” ба андозаи 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст, аз санаи 1 январи соли 2017 маблағи 17500 (ҳабдаҳ ҳазору панҷсад) сомониро ташкил медиҳад.